Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Дар иртибот бо фарорасии ҷашни анъанавии Тоҷикистон — иди Наврӯз, иҷозат фармоед, то аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин шахсан аз номи худам ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии ин ҷонибро иброз намоям.
Соли гузашта дар пасманзари паҳншавии эпидемияи КОВИД-19 мардумони Чин ва Тоҷикистон талошҳои худро муттаҳид сохта, дар бартараф кардани мушкилоти вобаста ба ин зуҳурот якдигарро саривақтӣ дастгирӣ карданд, ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба мусоидат намуданд, бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои самаранок пешбурди ҳамкории байни Чин ва Тоҷикистонро таъмин карданд. Ин ҳама мисоли возеҳи густариши муносибатҳои миёни кишварҳои ҳамҷавор мебошад.
Дар аввали моҳи равон мо суҳбати телефонии сермаҳсуле анҷом додем, ки такони нав ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бахшид. Ман ба густариши муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо бо саъйю талошҳои муштарак муносиботи байни кишварҳоямонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар бароварда, шукуфоии Чину Тоҷикистонро такон диҳем ва дар таъмини амнияту суботи минтақа нақши намоён гузорем.
Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳои бузург орзумандам!
Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодатмандӣ ва некӯаҳволӣ мехоҳам!».
Дар табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден омадааст:
«Муҳтарам Президент,
Ман мехоҳам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи осоишта, шодмон ва шукуфон орзу намоям.
Соли ҷорӣ Штатҳои Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд. Мо дар муқовимат бо терроризм, мубориза бо пандемия ва муҳайё намудани шароити беҳтар барои мардуми кишварҳоямон талош намудем. Маъмурияти ман бесаброна хоҳони он аст, ки бо мамлакати Шумо барои ҳалли масъалаҳои амнияти умумӣ ва амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соли оянда, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии талошҳо баҳри сулҳи Афғонистон ҳамкорӣ кунад. Мо инчунин умедвори он ҳастем, ки раванди C5+1-ро, ки таҳти роҳбарии Котиби Давлатӣ Ҷон Керрӣ панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, идома диҳем.
Ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон дар ин соли нав ва баҳори нав орзуҳои беҳтарини худро мерасонам».
Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз ирсоли таманниёти самимиву неки хеш ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон дар остонаи фарорасии Наврӯз-иди баҳору навсозӣ бениҳоят шодам.
Наврӯз, ки таҷассумгари ормон ва саъю талошҳои муштараки мост, дар тӯли асрҳо аз ҷониби мардумони бародари Осиёи Марказӣ ба таври шоиста таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо муҳтавою маънавёти амиқи худ эҳсоси дӯстиву ягонагӣ ва сулҳу ҳамосоиширо ситоиш намуда, имрӯз низ дар густариши васеи арзишҳои умумибашарӣ саҳми бузург мегузорад.
Бешак, мулоқоту музокироти сатҳи олии мо, ки вақти наздик дар сарзамини тоҷикон доир мегарданд, дар ростои ба зинаи баланд баровардани муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва ҳамкории зич, инчунин шарикии стратегии байни кишварҳоямон, ки дар асоси усули эътимоди мутақобил ва дастгирии доимии ҳамдигар устуворанд, хидмат хоҳанд кард.
Дар ин рӯзҳои дурахшону дилрабо ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, умри дароз, саломатии бардавом, саодатмандии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон муваффақияти бузург, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу пешрафти мудом таманно дорам».
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо камоли шодмонӣ фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, баҳори табиат ва оғози соли 1400 ҳиҷрии шамсиро ба Шумо ва миллати бузурги Тоҷикистон табрик мегӯям.
Баҳор ҳамчун наққоши забардаст, бо нақшофаринӣ бар буми табиат, рӯҳи ҳаёту тозагиро дар дилу ҷони замин медамад ва нақши саросар таровату шукуфоиро дар паҳнои кураи хокӣ мегустаронад ва Наврӯз ин ойини пурмеҳру куҳан, ки илҳомбахши умед, шодмонӣ ва раҳоӣ аз ғаму андӯҳ аст, баҳонаест барои нав шудан, нав нигаристан ва зиндагии дубора.
Умедворам, мо инсонҳо низ битавонем, ҳамчунин табиат, бо нав шудани фасл, баҳори тоза дар дилу ҷонамон эҷод кунем ва бо зудудани ғубори нотавонӣ ва сустӣ, мояи нишоти ҷону андеша ва саломатии танро фароҳам намоем.
Дар соле ки гузашт, шоҳиди ҳамагирии вируси Ковид-19 ва пайомади мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёди он дар саросари ҷаҳон будем. Умедворем дар соли ҷадид бо таомулу ҳамкории беш аз пеш миёни кишварҳоямон ва бо назорату маҳви бемории каронавирус, Наврӯз ба рӯзгори навин барои мардумонамон бадал шавад ва шодӣ, баракат, саломатӣ ва оромиш ба тамомии кишварҳои ҷаҳон боз гардад.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва мувафаққияти он Ҷаноб ва рӯзгори пурбаракат ва аҳволи некӯ барои мардуми Тоҷикистонро орзу дорам».
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иҷозат бидиҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон маротиби табрикоти қалбии худро ба муносибати фарорасии Соли Нави 1400 ҳиҷрӣ — шамсӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми кишвари дӯсти Тоҷикистон иброз намоям.
Хушҳолам, ки мардуми Афғонистон дар канори дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва дӯстони байналмилалӣ ин муносибати деринаи мо, ин ҷашни бостонӣ ва мероси муштараки фарҳангиро якҷо таҷлил менамоянд.
Ҷашни наврӯз ба унвони яке аз арзишҳои дерина дар тақвият ва таъмини дӯстӣ, якпорчагӣ, ҳамкорӣ ва наздикии миллатҳои бо ҳам бародари мо нақши ғайриқобили инкор доштааст.
Мо дар канори арҷгузорӣ ба таҷдиди шукуфоӣ ва зебоиҳои пайдо аз ин муносибати бузург, орзумандии худро барои густариши равобити дӯстона ва кор рӯйи барномаҳо ва лоиҳаҳои бузургӣ минтақавӣ ба манзури пайвастагӣ, рушди иқтисодӣ ва иттиҳод баён менамоем.
Ман дар ҳамин ҳол як бори дигар ин муносибати фархундаро ба ҷалолатмаоби Шумо муборакбод гуфта, сиҳат ва саломатии ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии ҳарчи бештари мардуми Тоҷикистонро хоҳонам».
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимиро ба муносибати ҷашни Наврӯз, ки баёнгари мероси ғании миллию маънавии мардумони мо мебошад, мерасонам.
Ин ҷашни баҳор, ки табиатро бедор мекунад ба одамон рӯҳияи нав эҳдо карда, ҳамдигарфаҳиву дӯстӣ ва ягонагиро тантана менамояд.
Бовар дорам, ки дӯстиву ҳамкорӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мутобиқ ба орзӯву иродаи мардумони мо, ки арзишҳои волои Наврӯзро дар сатҳи баланд қадрдонӣ менамоянд, минбаъд ҳам тавсеаву тақвият хоҳанд ёфт.
Дар рӯзҳои ин иди саид ба Шумо саломатии бардавому дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Шуморо ба муносибати фарорасии Наврӯз — иди зебои баҳор, бунёдкорӣ ва навсозӣ сидқан табрик мегӯям.
Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд низ бар пояи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба нафъи мардумонамон таҳким хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин миннатдории самимиву амиқи худро ҷиҳати табрикотатон ба муносибати интихоб шуданам ба маснади Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон иброз менамоям.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Мояи шарафмандии ман аст, ки ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти қалбии худ ва беҳтарин таманниёти рифоҳу шукуфоиро ирсол намоям.
Иди Наврӯз, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии тамоми башарият эътироф шудааст, рамзи эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва зебоии баҳор мебошад.
Ин ҷашни мунаввар, ки дар худ анъанаҳои эҳтироми мутақобил, сулҳдӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро таҷассум кардааст, дар таҳкими ваҳдату дӯстии байни мардумон аҳаммияти вежа дорад.
Бигузор, ин ҷашни бошукӯҳ барои Шумо ва ҳамаи мардуми дӯсти кишваратон паёмовари саодатмандӣ, шодиву сурур ва дастовардҳои нав бошад!».
Саломе Зурабишвили, Президенти Грузия зимни табрикоти худ овардааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз самими қалб Шуморо бо фарорасии баҳор ва иди Наврӯз табрик менамоям.
Баҳор, ин айёми бедоршавии табиат, пурра кардани он бо ҳаёту неруи нав мебошад.
Наврӯз, ин рӯзи нав, ҳамчунин рамзи умед ба ояндаи беҳтар мебошад.
Ҷаноби Президент, бо истифода аз фурсат мехоҳам Шуморо ҷиҳати боздид аз Грузия бо сафари расмӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар ҳар вақти бароятон муносиб даъват намоям.
Бовар дорам, ки сафари Шумо муносиботи дӯстии миёни Грузия ва Тоҷикистонро тақвият бахшида, васеъ хоҳад гардонд.
Ҷаноби Олӣ мехоҳам ба Шумо эҳтиромоти амиқтарини худро иброз намуда, ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик сиҳатмандӣ ва некӯаҳволӣ орзу намоям».
Дар табрику таҳнияти Президенти Давлати Исроил Реувен Ривлин чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз номи мардум ва давлати Исроил мехоҳам, ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи фархундаву пурбор аз саломатиро табрик гӯям.
Бигузор, мардуми тоҷик аз ҳосилоти фаровони баҳори ғановатманду дарёҳои сероб баҳра бардоранд ва аз эҳдои табиат баракат ёбанд!
Мардумони Тоҷикистону Исроил тайи ҳазорсолаҳо фарорасии баҳор ва оғози соли навро бо эҳёи табиат бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирифтанд.
Ҳангоме, ки мо ҷашнҳои Наврӯзу Песаҳро таҷлил менамоем, гузаштаи куҳан ва анъанаҳои ниёгони мо муттаҳидии кишварҳои моро идома дода, ҳамчун заминаи устувори таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».
Аз идора: Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.