«Дӯстӣ деҳотиам, ки ба шаҳр омада буд, пурсид:
– Ту Убайдулло Раҷабро мешиносӣ?
– Мешиносам!– гуфтам.
– Ай наздик? Қатиш салом кардагиӣ?
– Ҳа, сад бор!
-Не, Намешиносӣ! Уқа созу дилпур нагуфтесай.
-Салом кардаам борҳо. Чанд бор ҳам дар маҳфилҳо нишастаем.
-Мара шинос намекунӣ, иқа бхандем, – гапамро мебурад.
Сари навишт гапи ӯ дар мағзам мезанад. Воқеан, ман ин марди ҳунарро намешиносам. Ҳар ҷумлае менависем, гумонам ба Убайдулло. Раҷаб иртибот надорад. Фалсафа, ҳикмат меофарам ба қавле. Ҷумлаҳоям хушку ковоканд. Сарам калобаи садгиреҳро мемонад, ҳеҷ намеёбам сариштаро.
Аз сар мегирам хотиротамро. Ба ёдам меояд, ки тор сари даст мехонад «Як даста гулум дар раҳи Файзободайе..., Ой Файзободае.» Дар хаёлоти бачагиам ҳунарманди дайдуи ҳарҷоӣ бо сабку шеваи хос ҳак шудааст. Ин ёднома ноёфтанист. Мани наврас мехостам лаҳзаи мақбулро бо шахсе, ки гироиши ҳунар дорад бубинам, дидам. Ҳар куҷо дар раҳу рӯ бошам ёд биёяд, хандаам мегирад. Даҳонамро бо дастонам мепушонам, ки девонаам гумон накунанд. Вале завқу андешаҳои бачагиам ғолибанд. Механдам. Ва ҳатто ҳунарманди номвар Нигина Рауфоваро медидам нақши Убайдулло Раҷаб пеши назарам меомад. Боре аз Нигина Рауфова пурсидам, ки ҳамин лаҳзаро ёд дорад?
– «Намедонам, ӯ аввал хонда буд ҳаму байда, ё ман!?»-посух дод ва пас аз андеша гуфт. – Ӯ маро сӯз додагӣ нест. Овозаш хеле хушрӯ буд, аз манда хушрӯ мехонд.»
Самимона хандид апаи Нигина ва навҳе, ки ба худаш хос аст, афзуд.
-Убайдулло балойайе, офатайе, офат!
Бо апаи Нигина аз дари кумита берун шудем ва ба хотираш чизе расиду аз дастам гирифт ва аз даромадгоҳ дуртар рафтем.
-Худо бигира ақли мара, баъди як сӯз доданш пеши Раиси Кумита Қаландаров даромадем бо Мастона.
– Барои чӣ? – Саволам ноҷо баромад.
-Бест бгум. Мо суруди «Ало гул дона-дона, дона-дона»-ро бо Мастона хондем. –Як ғот Убайдулло бо як каси дига ҳаминро хондан. Бисё хафа шудуму пеши Раис дромадум, ки ҷилави ҳамиёра намегирӣ, ки мора мазоқу масхара мекнан. Оли пеши мардум мо дига чихели меброем? Бо ду-се гапи овдорам гуфтум. Қаландаров хандиду гуфт, ки ин ҳама аз дустдорӣ ва муҳаббатай. Хулоса дилпурмон кард. Неки хафа шудм. Баъд дар як маърака Убайдулло аз дилмон бровард. Дар рӯзи таваллудум хона омад.
Пасон чи андешае кард, ки дилвопас шуд:
-Бо нгӯиш сғера, ки хафа шава, Убайдуллоҷона дӯст медорум.
Он овон Убайдулло Раҷаб Раиси Кумитаи телевизион ва радио буд…»
Ин муқаддимаи асари тозатаълифи муаррих ва фарҳангшиноси варзида, сармуҳаррири радиои “Фарҳанг” Ҷонибек Асрориён аст, ки дирӯз бо номи “Достоне ба дарозии раҳи ашк” тариқи Муассисаи нашриявии “Адиб” ба табъ расид.
Китоб аз рӯзгори ҳаҷвнигори маъруф, коргардони театр ва синамо Убайдулло Раҷабов қисса мекунад. Асар зиндагиии ин унарманди маъруфро дар шакли нақл баён мекунад. Дар он хотираҳои ҳамкасбону рафиқон ва худи муаллиф гирдоварӣ шуда, туҳфаи хубест дар ҳошияи 80 – солагии зодрӯзи ин ҳунарманди маҳбуб.
Аз идора: ҳайати эҷодии радиои “Тоҷикистон” ҳунарманд ва ҳаҷвнигори маъруфро ба муносибати 80 – умин солгарди умри бобаракаташон шодбош гуфта, барояшон саломатӣ ва умри дароз мехоҳанд!