Дар ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе зикр шуд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон зарфи солҳои охир беш аз пеш густариш меёбад, ин аз иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат шаҳодат медиҳад. Маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратии кишварҳо ба сатҳи нав бароварда шуда, баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳарду давлат бозгӯи рушди дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ҳарду кишвар мебошад. Ҳаҷми гардиши мол дар соли сипаригардида байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 909,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 47,8 миллион доллар, яъне 5,0 фоиз коҳиш ёфтааст, ки сабабаш пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон аст.
Тавре дар сомонаи “Ховар” омадааст, муовини аввали Сарвазири чумҳурӣ Давлаталӣ Саид доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон сухан карда, гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон хостори ҳар чи бештари тақвияти ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон- яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе дар ҳолест, ки 15-16 март дар Душанбе ҷаласаи сеюми гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардид, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ гардиданд. Инчунин баъд аз як соли таваққуф парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana» ба роҳ монда шуд.