Прократура қотили шаҳрванди Тоҷикистон дар Россияро муайян кард

Аз Федератсияи Россия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд Сардор Қушмуродов дар соли гузашта бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба кишвар оварда шуда буд.

Бо ин далел, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаяйн кардани сабабҳои ин ҳолат ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархост ирсол кард. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ аз рӯйи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 4 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида шудааст), парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Худойбердиев Д.А. боздошт шудааст.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар шарҳи хабар, ҳамчунин афзуд, ки дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Худойбердиев Д.А. дар натиҷаи муноқишаи бавуҷудомада, дидаю дониста бо корд ба шиками Кушмуродов С.Ф. як зарба задааст, ки ҷабрдида бо бардоштани зарари ҷиддӣ ба саломатӣ вафот кардааст.

 “Бо ҳукми суди шаҳри Дмитрови вилояти Москва аз 4 сентябри соли 2020 Худойбердиев Д.А. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст”, – омадааст дар хабар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *