Парлумони Тоҷикистон 3 март Созшномаи грантиро байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаҳои “Барномаи рушди соҳаи энергетика” ва “Устувории шабакаи роҳҳо” тасдиқ намуд.
Барномаи грантии рушди соҳаи энергетика дар ҳаҷми 105 млн доллар ба амалисозии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика суръат бахшида, баҳисобгирии чаканаи истифодаи барқ ва шабакаҳои тақсимоти ҷараёни паст ва миёнаро дар ҳафт шаҳр беҳтар мекунад.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ин маблағҳо ба рушди шабакаҳои барқи шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Исфрара, Истаравшан ва ноҳияи Данғара равона мешаванд.
Аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ҳудуди 400 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ ва 264 адад трансформаторҳои пуриқтидор харида мешаванд. Ғайр аз ин, Бонки осиёии рушд барои корҳои таъмиру азнавсозии роҳи байни шаҳраки Ҳулбук ва маркази ноҳияи Темурмалик 73 млн доллар кумаки бебозгашт ҷудо намудааст.
Дар ин замина, Аҳмадзода Бахтиёр муовини раиси Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтумон ва камуникатсия гуфт, ки созишномаи гранти байни Тоҷикистон ва Бонки осиёи рушд барои таъмиру азнавсозии роҳҳо ва барои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо равона шунааст.
Ёдовар бояд шуд, ки созишномаи гранти байни Тоҷикистон ва Бонки осиёи рушд оид ба лоиҳаи соҳаи энергетика ва устувории шабакаи роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 милон долларро дар бар гирифта, 25 декабри соли 2020 ба имзо расидааст.
Саидов Ш,
Радиои Тоҷикистон