Паёми “Тоҷикистон”: Имрӯз – ҳаво абрноку тағйирёбанда

Обу ҳаво

Дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошиддат борида, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11° гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

5 март дар шаҳри Хоруғ ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон барф борида, рӯзона борони кӯтоҳмуддат, шабона бошиддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар ғарби вилоят боришот (борон, барф), шабона дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона ҳарорати ҳаво -3+2, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук мешавад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳавои қисман абрнок, баъзан ҳолатҳо борон, шабона ва саҳаргоҳон бошиддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф), шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида (шабона дар баландиҳои зиёда аз 1500 метр боришот борон, барф) дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бошиддат, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3045 сомонӣ;

1 евро – 13.6377 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1530 сомониро ташкил медиҳад.

Тақвими рӯз

Дар ин рӯзи соли 1966 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймои англисии Boeing 707 дар Япония зиёда аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд;

5 марти соли  1970 шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ ба ҳукми амал даромад;

5 феврали соли 2018 дар Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд;

Имрӯз дар Озарбойҷон – Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

Зодрӯз

Соли 1913 – шоири ӯзбекзабонии Тоҷикистон Аширмат Назаров.

Соли 1921 – коргардон ва наворбардори кино Муҳаммадқул Арабов.

Соли 1927 -олими таърихшинос, академик Нумон Негматов.

Соли 1930 – олими филология Ғаффор Ашӯров.

Соли 1930 – доктори илмҳои филология, профессор Раҳим Маҷидов.

Соли 1940 – доктори илмҳои таърих Карим Қодиров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *