Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи қарзӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин,Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ба имзо расонида шуд.
Тавре ки Вазорати молия навиштааст, арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад. Инчунин, барои омода намудани лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 млн евро пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки мақсади асосии лоиҳа ин сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.