Қобилияти хуби фикронӣ ҳар навоварро ба мақсуд мерасонад

Шавқу завқи навовар шудан, ҳанӯз аз даврони наврасӣ дар дили Афзалшо Ҳукумзода пайдо шуда буд. Ӯ он айём, геси хурдакаке ихтироъ кард, ки бо он дар озмуни телевизионии «Бозёфт» ширкат намуд. Ҳамин ихтирояш роҳро барои навовариҳои дигар, барояш ҳамвортар сохт ва дар ин ҷода гомҳои усувор гузошт.

Ҳамингуна Афзалшо ба дунёи илм ва навоварихо ворид шуд ва имрӯз ба сохтани дигар дастгоҳу асбобҳои  рӯзгор машғул аст.

Афзалшо Ҳукумзода- навовар ва ихтироъкори ҷавони тоҷик буда,  21-сол дорад. Донишҷӯи бахши 3-уми факлтети «Иноватсиони»-и Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ. Ихтисосаш «Таҷҳизоти технологии истеҳсоли мошинсозӣ». Дар донишгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ба фанҳои дақиқ бештар таваҷҷӯҳ дорад. Бо вуҷуди ҷавонӣ, рӯи лоиҳаҳои иноватсионии зиёде кор мекунад. Паҳлуҳои дигари фаъолияти навоварии Афзалшо Ҳумзодаро аз барномаи  «Илм ва ҳаёт» бишнавед!

Афзалшо дар мактаб бештар ба фанҳои дақиқ ва техникӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекард, чун барои ба ихтироъкор шудан, ин фанҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ низ, пешсаф буд. Қобилияти навоварӣ ва истеъдоди фитрии ин ҷавони соҳибмаърифату огоҳро омӯзгорон дида, барои такмили маҳорати зеҳнияш, ба ӯ тавсия доданд, ки ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дохил шавад.

Афзалшо бо роҳнамоии омӯзгорон, баъди хатми мактаб роҳ пеш гирифт ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон. Дар ин боргоҳи илму маърифт, як сол  донишҳои техникии худро тақвият дода, ба сохтани осиёб дар деҳаашон машғул шуд ва дар муддати кӯтоҳ як осиёби обӣ сохта, пешкаши мардуми маҳалашон гардонид. Бартарии осиёби ӯ хамин буд, ки бе масрафи қувваи барқ фаъолият мекунад ва имрӯз мардум аз осиёби обӣ дида, бештар ба барқӣ рӯ овардаанд.  Афзалшо ин анъанаи миллии қадимаи мардуми моро мехост дубора эҳё намояд ва то тавонанд бе мушкили дар ҳолатҳои набудани қувваи барқ, аз он истифода баранд.

Мушкилоти мардуми деҳа, ин олими навоварро ба ихтироъи чандин таҷҳизоти дигари  соҳаи техналогия, водор сохт, то ки каме ҳам бошад, бо истифода аз зехнияташ, дар хидмати мардум бошад.

Қаҳрамони барномаи мо, бо кӯмаки устодони кордони донишгоҳ, макети дастгоҳи ҷудо кардани ҷуворимакка аз сутташро сохт. Албатта ин таҷҳизот бартарии хос, аз дигар дастгоҳҳо дорад ва бе расонидани зиёне донаи ҷуворимаккаро аз сутааш ҷудо мекунад. Ҳоло Афзалшо, дар зеҳнаш нақшаҳои зиёдеро тарҳрези намудааст, ки  яке аз онҳо ба баландиҳо баровардани об мебошад ва бо ин кор мехоҳад, заминҳои аз киштмондаро  корам созад ва кори деҳқононро осон гардонад.

Чи хуб аст, ки бисёре аз чавонони мо, дорои қобилияти баланди зеҳни мебошанд ва бо нерӯи зеҳнияшон қодиранд, ки як олами дигареро бунёд созанд:

Афзалшо афзуд, бо эълон гаштани солҳои 2020-2040-ҳамчун солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҷавонон бештар рӯ ба омӯзиши ин илмҳо оварданд ва талош менамоянд, то сатҳи дониши худро баланд бардоранд. Инчунин эълон шудани озмуни «Илм фуруғи маърифат» ба наврасону ҷавонони ихтироъкор имкон медиҳад, ки нерӯи зеҳнии худро боз ҳам тақвият дода, ба навовариҳои беназир даст ёбанд. Ин гуна тадбирҳо, барои зиёд гаштани теъододи ихтироъкорон дар кишвар, заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард ва дар натиҷа, дар муддати кӯтоҳ, сарзамини мо ба яке аз кишвари аз ҳар ҷихат пешрафта, таблид меёбад :

“Барои  ихтироъкори муваффақ шудан, пеш аз ҳама илмҳои дақиқро аз бар намудан лозим аст. Инчунин завқи баланд ва доштани идея, асоси ихтироъкорӣ маҳсуб меёбад. Идеяи ҷолиб, маҳсули заковати навовар буда, ӯро боз ҳам ба ихтироъкориҳои бештар ҳидоят менамояд. Идроки баланду қобилияти хуби фикронӣ, ҳар навоварро ба қуллаҳои баландтарини мақсуд мерасонад”-мегӯяд дар идома, Афзалшо Ҳукумзода:

Инчунин Афзалшо мегӯяд, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, тамоми шароитҳо барои илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Таҷҳизоти замонавӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дар ин мактаби олии кишвар, мавҷуд аст.

Ӯ дар озмоишгоҳҳои ин донишгоҳ, вақти зиёди худро сипари карда, барои ноил гаштан ба ихтироъҳои комил аз устодону омӯзгоррони соҳибмалака, дарс меомӯзаду таҷриба меандӯзад, ки ин барои амалӣ сохтани идеяҳояш, мусоидат менамояд:

Ин ихтироъкори ҷавон дар оянда мехоҳад ҳамчун муҳандиси хуби техникӣ, дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар фаъолият намуда, дар рушди саноати кишвар саҳмгузор бошад ва аз ҷавонон даъват  менамояд, ки ҳама бо дасту дили гарм, аз як гиребон сар бароварда, барои тараққиёти Ватан, камари ҳиммат баста, Тоҷикистонро ба як  кишвари саноати табдил диханд!

Адолат Сангинзода,

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *