18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» дар истинод бо маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар назар аст, ки дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, доир ба рушди комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он мубодилаи афкор намоянд.
Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Душанбе шинос мегарданд. Инчунин меҳмонон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор мераванд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва Фестивал-намоиши гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мегардад. Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин симпозиум иштирок менамоянд.