Ширкати “Барқи тоҷик” аз истифодабарандагони неруи барқ даъват ба амал овардааст, ки дар сурати риоя нашудани реҷаи маҳдудияти неруи барқ тавассути телефонҳои боварӣ муроҷиат намоянд.
Бояд гуфт, ки ин ширкат 5 январ бо нашри як муроҷиатнома эълон карда буд, ки чанд муддат дар кишвар – дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад.
“Барқи тоҷик” сабаби чунин иқдомро ба он равона кард, ки сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқӣ – обии “Норак” пеш омадааст. Сатҳи обанбори НБО “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст. Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст.
“Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст”, – омадааст дар муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон.
Телефонҳои боварии “Барқи тоҷик”:
2358684;
933555151;
933555252