ТАСС: Дар музофоти Нимрози давлати Афғонистон 18 шаҳрванд қурбони зарбаҳои ҳавоӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ки миёни қурбониён 8 кӯдак, 7 зан ва 3 мард будаанд. Пайвандони ин қурбониён ҷасади онҳоро барои адолатхоҳӣ ба маркази музофоти мазкур шаҳри Заранҷ овардаанд.
РИА Новости: Аввалин садамаи бузурги ҳавоӣ дар соли 2021 дар Индонезия дар тайёраи “Боинг 737-524 ” рух дод. Оҷонсии Bloomberg иттилоъ додааст, ки коршиносон ба натиҷае расидаанд, ки сабаби ҳамагӣ пас аз чанд дақиқаи парвоз суқут кардани ин тайёра расидани зарба аз баҳр ба ин тайёра будааст. Аммо ин ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ нест. Гуфта мешавад, ки гурӯҳи наҷотбахшон пораҳои ин тайёраро аз чуқурии 23 метр аз қаъри баҳр дарёфт кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 январ тайёраи мусофирбари Индонезӣ, ки аз Ҷакарта ба самти Понтианак парвоз дошт, ба баҳри Яван сарозер шуд. Дар дохили ин тайёра 65 тан қарор доштанд, ки ҳамагӣ қурбон шудаанд.
ТАСС: Дар қисмати марказии Ветнам аз моҳи октябр то кунун обхезии шадид идома дорад. Асосан тӯфон боиси ин обхезиҳои шадид гардидаву гӯристонҳо ва шаҳрҳоро пур кардааст. Ин офати табиӣ ба Ветнам 30 триллион донг ва ё 1,3 миллиард доллар хисорот овардаву беш аз 192 танро аз ҳаёт маҳрум сохтааст.
Корреспондент: Дар ҳолати то субҳи имрӯз душанбе 11 январ дар ҷаҳон шумораи сироятёфтагони коронавирус ба 90,7 млн расидаву беш аз 64,8 млн аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Аниқтараш, то имрӯз дар ҷаҳон 90 702 884 ҳодисаи гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудаву 1 943 432 тан фавтидаанд. Ҳамчунин, 64 825 048 тан аз ин беморӣ наҷот ёфтаанд.
Холиқзода М.