Кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат сокини ҷамоати деҳоти К. Исмоили шаҳри мазкурро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии ВКД номбурда 10 январи соли 2021 аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии холааш – сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, бо табар 1-маротиба ба сари холааш ва 1-маротиба ба сари шавҳари холааш задааст, ки дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки гумонбар шаби 10 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо сокини ҷамоати мазкур муноқиша карда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба шиками ӯ задааст. Ба иттилои вазорат ҷавон аз сабабе, ки ин мард ба модари гумонбаршаванда занг зада, хоҳиш намудааст, ки бо ӯ муносибати ошиқона намояд, ба ӯ ҳамла кардааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.