Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, воқеъ дар дар ҳалқаи роҳи автомобилгарди назди бинои меҳмонхонаи “Саразм – Плаза” ва муҷассамаи “Деваштич” бунёди “Рамзи Китоб” дарназар аст.
Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, “Рамзи Китоб” 14 метр баландӣ ва 5 сутунпоя дошта, ин сутунпояҳо бо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ороиш дода мешаванд. Дар болои сутунпоя лавҳаи электронӣ ҷойгир карда мешавад, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик мунтазам пахш мегарданд.
Ба гуфтаи мақомот “Рамзи Китоб” – ифодакунандаи сухандону сухансанҷ, китобхону китобдор ва эҷодкору фарҳангпарвар будани мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостонӣ мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо пешниҳоди лоиҳаи “Рамзи Китоб” аз сокинон даъват намудааст, ки бо мақсади такмили лоиҳа пешниҳодоти худро ироа менамояд.