Содир Ҷабборов баъд аз пирӯзияш дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсия аз мардум миннатдорӣ кард.
Ҷабборов дар пресс – конференсия қайд намуд, ки «Шумо ба ман неру ва боварӣ додед. Ман бошад, ваъда медиҳам, ки ин бовариро сазовор гардам». Тавре агентии иттилоотии «Кабар» мегӯяд, ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки имрӯз Қирғизистон дар як ҳолати вазнин қарор дорад ва барои бартараф намудани вазъи кунунӣ чанд соли дигар муҳлат лозим.
Бояд гуфт, ки 10 январ дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихоботи дубораи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон доир гашт ва тибқи ҳисобҳои пешакӣ аз 18 нафар номзад Содир Ҷабборов бо касби 79,25% овозҳо пешсаф шуд. Дар ҷойи дуюм Толбаев Бабирҷан – 2,32% ва дар ҷойи сеюм Арстанбек Миктибек бо гирифтани 1,67% овозҳо меистад. Бар зидди ҳамаи номзадҳо 1,33% интихобкунандагон овоз додаанд.