Амалҳои ҷиноятии Дона Набиев тасдиқи худро ёфтаанд

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори як баёния далелҳои дастгирнамоии шаҳрванд Набиев Донаро равшан кард.

Дар ин маълумотнома гуфта мешавад, ки Набиев Дона дар солҳои ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тавассути ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст. Ӯ дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афв гардида буданд.

Бо вуҷуди он, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд, Набиев Дона кирдори ҷинояткорона ва зиддиқонуниашро идома додааст. Аз ҷумла:

− маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;
− миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.
Зимни таҳқиқу тафтиши парванда амалҳои ҷиноятии Набиев Дона тавассути нишондодҳои шахсони воқеӣ ва далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтанд.

Тибқи ин хабар 27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Набиев Дона, соли таваллудаш 1940, зодаи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт гардида, баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, аз тарафи Суди ноҳияи Рудакӣ дар асоси моддаи 307 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Бояд зикр кард, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш тибқи ҷазои дар моддаҳои қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинишуда ҷавоб мегӯяд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *