Шоми имрӯз, 11 сентябр, дар баъзе хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилои полиси шаҳр, маҳдудият аз соати 17:00 то 23:00 тавассути хиёбонҳои И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Ганҷавӣ ҷорӣ мегардад.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар ин муддат аз роҳҳои ҳамшафат истифода бурда, дар қитъаҳои мазкур воситаҳои нақлиётро нодуруст таваққуф накунанд.
