Муаррифии китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» дар Вазорати фарҳанг

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги кишвар муаррифии китоби Пешвои миллат «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хатти форсӣ таълиф ва нашр шудааст, баргузор гардид.

Ин китобро Суҳайло Юсуфӣ, мудири нашриёти «Хирадгон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба хатти форсӣ баргардон кардааст.

Дар китоб масъалаҳои гуногуни таърих ва тамаддуни ориёӣ, арзишҳои фарҳанги ориёӣ, саҳми мардумони ориёӣ дар ихтирои хат ва таълифи осори хаттӣ, робитаҳои мутақобили тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар сарзаминҳои ориёӣ, мақоми дониш ва фарҳанг дар давлатдории ориёиҳо, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба арзишҳои фарҳангии ин мардумон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Қайд гардид, ки китоби Пешвои миллат «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» қаблан ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.

Гуфта шуд, ки хонандагони эронӣ бо мутолиаи ин китоб аз ҳадафҳои бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар замони Истиқлоли Тоҷикистон ва саҳми мардуми тамаддунсозу фарҳангпарвари тоҷик дар ташаккули арзишҳои муштараки маънавӣ, илмӣ ва таърихии ориёӣ огоҳ мегарданд.