Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби нави шоир Раҳмоналӣ Мирализода таҳти унвони «Дар ҳавои Мавлоно» баргузор шуд.
Маҷмӯа асосан аз маснавиҳои тамсилӣ иборат буда, бо такя ба анъанаҳои адабии классикӣ, бахусус осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, таълиф шудааст. Дар асар мавзӯъҳои маърифату ҳикмат, ахлоқ, худшиносӣ ва арзишҳои инсонӣ тавассути ҳикоёти рамзӣ ва пандомӯз инъикос ёфтаанд.
Дар баробари ин, китоб чанд асари иҷтимоиву ватандӯстона низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, маснавии «Фарзанди миллат» ба фоҷиаи Қобилҷон Алиев бахшида шуда, эҳсоси ҳамдилӣ, ваҳдат ва андеша дар бораи сарнавишти ҳамватанонро бозтоб медиҳад.
Ҳамчунин дар маҷмӯа асари «Нома ба рӯҳи Фирдавсӣ» ҷой гирифтааст, ки дар он муаллиф аз нигоҳи адабӣ ба баъзе воқеиятҳои ҷаҳони муосир ва тағйирёбии арзишҳои ҷомеа назар меафканад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҳадафи нашри китоб арҷгузорӣ ба мероси адабии классикӣ ва муаррифии эҷодиёти муосир дар заминаи суннатҳои пурарзиши назми форсӣ-тоҷикӣ мебошад.
