БА ИСТИҚБОЛИ 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ХУҶАНД 1302 ИНШООТ СОХТА ШУДААСТ

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёд ва таъмири 950 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд. То нимсолаи аввали соли 2026 дар шаҳр 1302 иншооти ҷашнӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 137 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Раиси шаҳри Хуҷанд, ҳамарӯза аз ҳудуди шаҳр аз 800 то 1000 метри мукааб партов бароварда мешавад. Дар ин замина зарурати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тақвияти фарҳанги муносибат бо муҳити зист таъкид гардид.

Мастона Муҳидиллозода,

мухбири минтақавии «Радиои Тоҷикистон » аз Суғд