Донишомӯзоне, ки имсол бори аввал ба синфи якум қадам мегузоранд, 10 рӯз пеш аз оғози расмии соли таҳсил ба мактаб ҳозир мешаванд. Тибқи фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17 то 28 августи соли равон барои хонандагони синфҳои якум дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва хусусӣ машғулиятҳои мутобиқшавӣ баргузор мегарданд.
Ҳадафи ин машғулиятҳо омода намудани кӯдакон ба муҳити мактаб, шиносоии онҳо бо низоми таълим ва осон намудани мутобиқшавӣ ба ҳаёти мактабӣ мебошад. Дар ин давра омӯзгорон тавассути суҳбатҳо ва бозиҳои омӯзишӣ ба кӯдакон мефаҳмонанд, ки рӯзгори онҳо дар мактаб чӣ гуна мегузарад.
Бар асоси фармон, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки барои баргузории босифати ин машғулиятҳо ва мутобиқшавии кӯдакон тамоми шароити заруриро муҳайё созанд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар машғулиятҳои мутобиқшавӣ барои ҳамаи хонандагони синфҳои якум ҳатмӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки қабули кӯдакон ба синфи якум барои соли таҳсили 2026–2027 аз 1 август оғоз шуда, тибқи маълумоти пешакӣ, имсол беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул мешаванд. Вазорат таъкид мекунад, ки қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ройгон сурат мегирад.
