ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 14 ФОИЗ АФЗОИШ ЁФТААСТ

Дар нимсолаи якуми соли 2026 корхонаҳои саноатии Тоҷикистон якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 33 миллиарду 676,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1 фоиз зиёд мебошад.

Тавре сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузориҳо дар сохтмони Агентии омор Фирдавс Асматбекзода иттилоъ дод, саҳми асосии истеҳсолот ба саноати коркард рост омада, он 17,5 миллиард сомонӣ ё 52,1 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсол дар ин бахш нисбат ба соли гузашта 26 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, саҳми бештари истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба вилояти Суғд рост омада, 60,8 фоиз-и ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм вилояти Хатлон бо 18,5 фоиз қарор дорад.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4002 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият доштаанд.