Дар нимсолаи якуми соли 2026 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 51 чорабинии аудиторӣ баргузор намуд. Дар натиҷа, вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ба маблағи 336 миллион сомонӣ ошкор гардид. Дар ин бора раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз маблағи умумии ошкоршуда 202,8 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Аз ҷумла, 117,2 миллион сомонӣ ба суратҳисоби андӯхтии КВД БА ҶТ «Амонатбонк», 8,2 миллион сомонӣ ба корхонаҳо, 1,1 миллион сомонӣ ба дигар суратҳисобҳои дахлдор ва 76,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ барқарор гардидааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 27 мавод ба маблағи 212,1 миллион сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ ирсол шудааст.
Ш. Аҳмад
