Варзишгари тоҷик Абдуҷаъфари Баҳодур дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо – “Ҷоми Қавитонҳо”, ки аз 6 то 8 марти соли 2026 дар шаҳри Минск баргузор гардид, ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Таеквондочии тоҷик дар ҷараёни мусобиқа дар вазни то 59 килограмм ҳунарнамоӣ карда, бо панҷ рақиби худ қувваозмоӣ намуд. Абдуҷаъфари Баҳодур дар ҳамаи рақобатҳо бо бартарӣ пирӯз шуда, маҳорати баланди варзишӣ, техникаи хуб ва омодагии ҷисмонии қавиро нишон дод.
Бо чунин натиҷаи назаррас варзишгари тоҷик ба финал роҳ ёфта, дар рақобати ҳалкунанда низ ғолиб гардид. Дар натиҷа ӯ ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа шуд ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Қавитонҳо» ҳамасола бо иштироки варзишгарон аз кишварҳои гуногун баргузор гардида, яке аз мусобиқаҳои муҳим барои санҷиши сатҳи омодагии таеквондочиён ба ҳисоб меравад. Пирӯзии Абдуҷаъфари Баҳодур боз як дастоварди муҳим барои варзиши тоҷик арзёбӣ мешавад.
Манбаъ: varzishtv.tj
