Моҳи октябри соли равон Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад. Ин фестивал бо мақсади иҷрои банди 23-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи арбобони театр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ вазифадор карда шудаанд.
Дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл» театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо бо намоишномаҳои беҳтарин иштирок мекунанд.
Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Тавре масъулини баргузории фестивал иброз доштанд, Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» як иди волои санъати асил аст ва пеш аз ҳама, туҳфаи беҳтарин барои тамошобинони хурдсол мебошад. Дар баробари ин шинос шудан бо ҳунари лӯхтакбозони мамлакатҳои хориҷӣ низ аз манфиат холӣ нест, чунки он на танҳо ба ҳамкории тарафайн, балки ба инкишофи ин навъи санъати театрӣ, пайдо шудани асарҳои нав, табодули таҷрибаи ҳунармандони давлатҳои гуногун ва тарбияи насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»
