Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ 20 март, соати 19:45 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.

Дар ин аксе, ки тавассути барномаи Stellarium сохта шудааст, мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст. Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад.