Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд

Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ дар  маҳаллаи Лучоби Болои Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ  аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва  корхонаю идораҳои энергетикии мамлакат 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, писта, бодом ва олуча шинонида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нафту газ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»  фаъолона иштирок намуда, дар сабзазоркунии ин мавзеъ саҳми муносиб гузоштанд.

Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ гардид.

Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ ба масъулон оид ба таъмини нигоҳубини мунтазами дарахтон, беҳтар намудани ҳолати мавзеъ ва вусъат додани корҳои ниҳолшинонӣ дар доираи барномаи давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъ дар маҷмуъ 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд. Тибқи нақша то анҷоми соли 2027 шинонидани беш аз 170 ҳазор бех ниҳоли дигар дар назар аст.

Ниҳолҳо тавассути обёрии қатрагӣ бо об таъмин шуда, ба нигоҳубини онҳо кормандони алоҳида ҷалб шудаанд.