ВАЗЪИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ БЕҲТАР  МЕГАРДАД

Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби директори агентӣ Зафарҷон Давлатзода зикр гардид, ки яке аз душвориҳои соҳа аз ҷониби истифодабарандагон сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи хизмати обрасонӣ мебошад. Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққихизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 47 млн. 518,5 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, ба фоидаи Идораҳои Агентӣ ба маблағи 7,9 млн сомонӣ рӯёнида шудааст.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 142 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оиди гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ 383,7 хазор гектар (74 фоизи) заминҳо ба системаи биллингӣ  ворид карда шуда, 220,4 ҳазор  истифодабарандагон бо ID код таъмин гардида, пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ тариқи системаи биллингӣ 63 млн. 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар мавсими обдиҳии соли 2025 бо истифодаи то 7,3 млн. кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз то 275 дастгоҳи обкашӣ ва фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби 74 адад чоҳҳои амудӣ фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби  полезӣ таъмин намуданд.

Дар ин давра тавассути пойгоҳҳои обкашӣ дар ҷумҳурӣ бо истифодаи 1 млрд. 59,6 млн. кВт/соат неруи барқ 4 млрд. 1,8 млн. метри мукааб об бароварда шудааст. Нишондиҳандаи истифодаи неруи барқ нисбати соли гузашта 8,77 млн. кВт/соат ва оби баровардашуда 102,86 млн. метри мукааб об камтар мебошад.

Хароҷоти хоси неруи барқ барои барориши 1 метри мукааб об дар Ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0.264 кВт/соатро ташкил дод.

Арзиши барқи истифодашуда 132 млн. 836 ҳазор сомонӣ ва пардохти он 46 млн 259 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 10 млн. 121 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.

Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ дар соли 2025 аз истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 272 млн. 313 ҳазор сомониро ташкил дод.

Айни замон дар соҳа панҷ барномаи давлатии соҳавӣ аз ҷумла, «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда гардиши кишоварзӣ барқарорсозии заминҳои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи берунмонда дар Ҷумҳурӣ сармоягузории бо таҷҳзоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои  обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028» бо арзиши умумии 2 млрд. 241 млн. сомонӣ мавриди амал қарор доштанд.

Соли 2025 дар доираи барномаҳои мазкур ба маблағи 373 млн. 844,5 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаааст.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”