Дастовардҳо ва иқдомҳои муҳими Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар соли 2025 ва нақшаҳо барои солҳои минбаъда

Зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси кумита Баҳодур Шерализода зикр гардид, ки соли 2025 тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030», Нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Атласи тағйироти муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарҳи чоруми натиҷаҳои фаъолияти экологии кишвар таҳия шуданд.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки самти дигари муҳими фаъолияти Кумита пешбурди назорати давлатӣ ва риояи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар доираи амалӣ намудани назорати давлатӣ 21 270 ҳолатҳои вайрон шудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор гардидааст.

Кумита бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон ва беҳтар намудани вазъи экологӣ аксияҳоро пайваста мегузаронад. Аз ҷумла, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ моҳе ду маротиба аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардиданд, ки дар доираи ин чорабиниҳо 584 604 нафар шаҳрвандон ширкат варзида, дар тоза намудани муҳити зист саҳм гузоштанд.

Дар доираи аксияи экологии «Тозагии замин аз пеститсидҳо» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун дар ҳаҷми 5 124 тонна хокҳои заҳролуд ва 45 тонна заҳрхимикатҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ тоза ва дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир карда шуданд.

Фармоишҳои дахлдори раиси Кумита оид ба эълон намудани озмунҳои эҷодӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ байни кормандони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳи феврали соли 2025 дар мавзӯи вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ба тавсиб расида, дар натиҷа онҳо дар арафаи «Рӯзи байналмилалии муҳити зист» ва Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Бо иқдоми Кумита ҷиҳати муаррифии табиати кишвар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим рӯзҳои 1-3 августи соли 2025 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ниммарафони байналмилалии экологии «Ҳафткӯл» («Seven Lakes») баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён аз ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои дигар дар масофаҳои 3,10 ва 21 км байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур дар мавзеи «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панчакент бо иштироки варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ аксияи экологии «Тозагии соҳил» ва ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Лоиқи дастгирист, ки дар стли 2026 дар кишвар инвентаризатсияи ҷангалҳо дар кишвар гузаронида мешавад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бори аввал аст.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”