Вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди сохтмони як қатор иншооти муҳими ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид. Аз ҷумла, бинои нави Муассисаи давлатии «Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» яке аз иншооти муҳташами ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, иншоот аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он осорхона, толорҳои универсалӣ, маҷлисгоҳ, толори музокирот, толори нишасти матбуотӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти заруриву ёрирасон пешбинӣ шудааст. Бино бо риояи санъати меъмории миллӣ сохта мешавад.

Лоиҳаи он аз ҷониби Маркази амалигардонии «Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ»-и Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардида, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ширкати сохтмонии «Евростройсервис» мебошад. Татбиқи ин лоиҳа ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва зебо гардидани симои шаҳри Хуҷанд мусоидат хоҳад кард.

Дар соҳили дарёи Сир сохтмони тарабхонаҳои замонавии брендӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, масъулини тарабхонаи брендии «Форел» тасмим доранд, ки иншооти навро бунёд намуда, самти фаъолиятро густариш диҳанд. Аснои шиносоӣ бо рафти корҳо таъкид гардид, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» шинос шуд. Маҷмаа бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ бунёд гардида, имкон медиҳад, ки дар як вақт зиёда аз 1000 нафар ба машқу тамрин фаро гирифта шаванд. Инчунин, дастур дода шуд, ки дар муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд майдони нави варзишии замонавӣ бо фарогирии тамоми шароити зарурӣ сохта шавад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ мутобиқи нақша идома доранд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ барои фароҳам овардани шароити муносиби фаъолияти кормандон ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ татбиқи лоиҳаҳои нав идома дошта, бо амалӣ шудани онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таъкид намуд, ки истифодаи мақсадноки зарфиятҳои мавҷуда ва дастгирии соҳибкорӣ дар меҳвари сиёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Ҳамчунин, ҷараёни сохтмон дар биноҳои нави Суди вилояти Суғд ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот нишонаи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан шароити кори онҳо боз ҳам беҳтар мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд бунёди иншооти фарҳангӣ низ идома доранд. Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд сохтмони қасри фарҳанг бо 3 ҳазор ҷойи нишаст оғоз ёфта, он бо услуби меъмории миллӣ бунёд мегардад. Ҳамзамон, дар доираи корҳои ҷашнӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар масоҳати 2,4 гектар дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳр бунёд мешавад. Тибқи лоиҳа, 50 фоизи масоҳати боғ сабзу хуррам гардида, дар қисми боқимонда инфрасохтори зарурӣ таъсис дода мешавад.

Бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд далели равшани пойдории сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори шаҳрҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад.