Қурби асъори Ҳиндустон ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфтааст: айни замон як доллар тақрибан 89 рупия арзиш дорад.
Аз аввали сол инҷониб, рупия беш аз 5% арзиши худро аз даст дода, ба бадтарин асъори Осиё табдил ёфтааст, хабар медиҳад Financial Times. Коршиносон ин заъифшавиро ба фишори таҳримҳо аз ҷониби Вашингтон нисбат медиҳанд.
Дар моҳи август Кохи Сафед ба молҳои Ҳиндустон 50% тариф ҷорӣ кард, зеро кишвар бузургтарин харидори нафти Русия аст. Ғайр аз ин, коҳиши қурб дар давоми сафари дурӯзаи президенти Русия ба Деҳлӣ суръат гирифт, хабар медиҳад Bloomberg.
