СММ: Сармоягузорӣ дар иқлим ММД-ро афзоиш медиҳад

Дар гузориши Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки дар натиҷаи таҳқиқоти 287 олим аз 80 кишвари ҷаҳон сармоягузорӣ барои иқлим, табиат ва захираҳои замин метавонад триллионҳо доллари иловагӣ барои ММД-и ҷаҳонӣ бошад ва миллионҳо нафарро аз камбизоатӣ ва гуруснагӣ раҳо кунад. Олимон бар он боваранд, ки офатҳои табиӣ, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва биёбоншавӣ ба сайёра зарар мерасонанд, ки хисороти онҳо солона триллионҳо долларро дар бар мегирад. Ба андешаи коршиносон бо коҳиш додани ифлосшавии ҳаво то соли 2050 метавон аз фавти бармаҳали 9 миллион нафар пешгирӣ кард.