Дар ноҳияи Шоҳмансур дар 9 моҳ 588176 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст

Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и МИҲД ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар боғу гулгаштҳо 588176 адад гулҳои мавсимӣ шинонидааст.

Ҳамзамон, дар давраи сипаригардида аз ҷониби кормандони муассиса дар боғу гулгаштҳо ва гирду атрофи майдончаҳои варзишӣ 361380 адад дарахтони бисёрсола шинонда шудааст, аз он ҷумла 1880 адад дарахтхои ороишӣ ва 180 адад дарахтҳои мевадиҳанда мебошанд. Ба иттилои масъулини соҳа, гармхонаи муассиса барои нигоҳ доштани гулҳои парваришкардашуда аз нури гармии офтоб ва хунукии фасли зимистон бо болопуши латтагин (сони зард) пӯшонида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Айни замон дар муассиса 1 адад автобус, 1 адад автомашинаи обпош, 1 адад шини боркаш, 1 адад мотороллер, 2 адад дастгоҳи алафдаравӣ ва 1 адад дастгоҳи дорупошии электронӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Шоҳмансур тасмим гирифтааст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, корҳоро дар самти боз ҳам назаррабо намудани ҳудуди Пойтахти кишвар идома диҳад.

Олуфта Шарипова, радиои “Тоҷикистон”