Тоҷикистон соли равон раиси Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. 10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин чорабинӣ роҳбарони Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон Узбекистон ташриф меоранд.
Роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Дар ин хусус хабарнигори Радиои Тоҷикистон бо корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Улфатшои Холмирзо суҳбате анҷом додааст, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.
— Дар мавриди нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва раёсат дар он чӣ гуфтаниҳо доред?
— Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсиси ИДМ ҳамчун кишвари узви фаъол шинохта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати шаш мақомоти олии ин созмон, аз ҷумла:
— Шӯрои сарони давлатҳо,
— Шӯрои сарони ҳукуматҳо,
— Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ,
— Шӯрои иқтисодӣ,
— Шӯрои ҳамоҳангсози фармондеҳони сарҳадӣ,
— Суди иқтисодӣ ва Маҷлиси байнипарлумонӣ фаъолона иштирок мекунад.
Иштирок дар зиёда аз 80 сохтори соҳавӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати минтақавӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ИДМ саҳми муҳим гузорад. Дар давраи 34 соли фаъолияти ИДМ зиёда аз 2800 қарор қабул гардидааст, ки Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи қисми зиёди онҳо саҳмдор аст.
Тоҷикистон аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ-ро ба уҳда гирифт ва дар тӯли ҳашт моҳи гузашта як қатор иқдомҳои муҳимеро роҳандозӣ кард. Аз ҷумла:
— Иҷрои пурра ва ҳамоҳангшудаи нақшаи баргузории 112 чорабинӣ, ки 30-тои он дар қаламрави Тоҷикистон гузаронида мешаванд, Аз ҷумла, ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ, ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ ва ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ, 10 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.
— Муаррифии ташаббусҳои нав, аз ҷумла дар соҳаи рақамисозии тиҷорат ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ, — Ҷалби таваҷҷуҳи шарикон ба рушди «иқтисоди сабз», — энергетика ва технологияҳои муосир. Раёсати Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди устувори ИДМ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда истодааст.
— Оид ба ҳамкориҳо бо давлатҳои ИДМ чӣ гуфтаниҳо доред?
— Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар як қатор соҳаҳо ҳамкориҳои фаъол дорад. Тибқи маълумоти оморӣ дар 8 моҳи соли 2025 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ба 2,8 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 млн доллар зиёд гардидааст.
Бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳо дар бораи таъмини энергетика, табодули таҷриба ва навсозии инфрасохтори энергетикӣ амалӣ мегардад.
Инчунин барномаҳои муштарак барои рушди соҳаҳо ва афзоиши истеҳсолот идома доранд.
Равобити иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ солҳои охир агар назар кунем, дар асоси Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030 ба роҳ монда шудааст. Ин Стратегия самти асосии рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзо мебошад. Марҳилаи якуми он барои солҳои 2021–2025 пурра амалӣ шудааст ва айни замон марҳилаи дуюм (2026–2030) дар ҳоли оғози татбиқ қарор дорад. Ин равобит инчунин дар доираи нақшаҳои амалӣ, ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои иқтисодӣ ва дигар сохторҳои ИДМ ҳамоҳанг ва пеш бурда мешаванд.
— Созишномаҳои ҳамкорӣ ва имкониятҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чӣ гуна ба роҳ монда шудаанд?
— Тоҷикистон як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкориро дар доираи ИДМ имзо ва татбиқ намудааст, аз ҷумла:
— Созишномаи минтақаи озоди савдо (ратификатсия дар соли 2015) – дар коҳиши монеаҳои гумрукӣ ва баланд бардоштани ҳаҷми савдо нақши муҳим дорад.
— Созишномаҳои дуҷониба бо Русия ва Қазоқистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва энергетика.
— Лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ ва нақлиёт, ки дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.
Ин созишномаҳо барои ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот ва ворид кардани технологияҳои нав шароити мусоид фароҳам меоранд.
— Интизориҳо аз Саммити роҳбарони кишварҳои ИДМ?
— Саммити роҳбарони кишварҳои ИДМ дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва иқтисодии сол дар доираи ИДМ ба ҳисоб меравад.
То имрӯз дар доираи омодагиҳо ба Саммит, ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ низ дар пойтахтамон баргузор гардидаанд. Дар ин ҷаласаҳо лоиҳаи қарорҳои дахлдор таҳия ва мувофиқа шудаанд, ки интизор меравад дар ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ тасдиқ шаванд.
Ин санадҳо самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои узвро дар бахшҳои зерин муайян мекунанд:
— рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ,
— татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахшҳои рақамисозӣ, нақлиёт ва “иқтисоди сабз”,
— соддакунии расмиёти гумрукӣ ва таъсиси “долонҳои сабз” барои молҳои зудбозшаванда.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои Саммити Душанбе на танҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни кишварҳои ИДМ, балки ба нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва фаъоли минтақавӣ таъсири мусбати дарозмуддат хоҳанд гузошт.
— Саҳми шаҳрвандон дар ин чорабиниҳои сиёсӣ дар муаррифии Тоҷикистон чӣ гуна метавонад бошад?
— Мо, сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд дар баланд бардоштани обрӯ ва мақоми кишвар саҳми фаъол дошта бошем, бахусус дар давраи раёсат. Чунин саҳм метавонад дар шаклҳои зерин бошад:
— Риояи тозагӣ, одоб ва меҳмоннавозӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад;
— Муоширати хуб бо меҳмонони хориҷӣ, ҳамчун чеҳраи шаҳрвандии кишвар;
— Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, бахусус аз ҷониби ҷавонон ва донишҷӯён;
— Муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои Тоҷикистон дар муҳити рақамӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ҳар як шахс метавонад бо амали неки хӯрди худ ба эътимоди бештари ҷаҳонӣ нисбат ба Тоҷикистон мусоидат кунад.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
