Дар муддати рӯзҳои 22-27 сентябри соли 2025 як гурӯҳ мутахассисон ва олимон аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои Рушон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд. Мақсади асосии сафари меҳмонон шиносоӣ ба кору фаъолияти фондҳои (бонкҳои) тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ки онҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд таъсис дода шудаанд иборат буд. Ҳоло дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ёрии Ташкилотҳои ҷамъиятии «Зан ва Замин» ва «Набзи Сайёра» дар чанде аз деҳахо фондҳои ҷомеавии нигоҳдории тухмиҳои зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафии асосии онҳо ҳифз ва аз байн нарафтани тухмиҳои бобогии ватании зироатҳои кишоварзӣ ба шумор рафта, баҳри ҳифзи гуногунии агробиологии кишварамон ва таъмини амнияти озӯқавории мамлакат равона гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки таъсис ва рушди фондҳои (бонкҳои) тухмӣ дар маҳал метавонад такони ҷиддие дар пешрафти соҳаи кишоварзии кишварамон, алалхусус дар тақвият ёфтани соҳаи тухмипарварии навъҳои маҳаллии зироатҳо (аз қабили гандум, ҷав, нахӯд, наск, зағир, кунҷид, арзан, лубиёгиҳо, пиёз, карами маҳаллӣ, сабзӣ, сулӣ ва ғайраҳо) нақши муҳимро бозад. Фондҳои тухмӣ ё захирагоҳҳои тухмиҳои маҳалии зироатҳои кишоварзӣ пеш аз ҳама аз тарфи сокинони ин ё он деҳа, ҷамоатҳои деҳот, олимон, сокинони ноҳияҳои кишварамон таъсис дода мешаванд. Ин фондҳои ҷомеавии захиравии тухмиҳо моликияти ҷомеавии мардуми деҳот, ки дар таъсиси онҳо ширкат меварзанд, ба шумор мераванд. Одатан, чунин бонкҳо дар биноҳои махсус дар деҳаҳо ташкил гардида, дар онҳо тухмиҳо аз саҳроҳои деқонон ва асасиатсияҳои тухмиправари ин ё он маҳал ҷамъоварӣ гардида, захира ва нигоҳ дошта мешаванд. Дар дафтарҳо ному насаби соҳиби тухмӣ, деҳа, сол, номи навъу намунаи зироатҳо ва миқдори тухмии ба захирагоҳ (фонд) воридшуда сабт мегарданд. Фондҳои маҳаллӣ, пеш аз ҳама баҳри аз байн нарафтани тухмиҳои арзишманди зироатҳои кишоварзии ин ё он минтақаи мамлакатамон дар оянда нақши асосиро иҷро намуда, онҳо дар баланд бардоштани савияи дониши деҳқонон ва кишоварзон дар бахши тухмипарварии зироатҳо ва ҳифзи гуногунии агробиологии кишварамон метавонанд аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дошта бошанд.
Инчунин бояд тазакур дод, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи воридоти тухмиҳои зироатҳо ва дарахтони бурунмарзӣ, баъзе аз намунаҳои нодиру арзишманди набототи кишвар аз байн рафта истодааст, ки ин раванд хатари нобуд гаштани генотипҳои арзишманди бобогии набототро пеш овардааст ва тавассути таъсиси чунин фондҳои тухмиҳои маҳаллӣ метавон навъҳои ватаниро баҳри наслҳои оянда нигоҳ дошт.
Дар сафари таҷрибаомӯзӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳ нафар мутахассисону олимон аз вилояти Хатлону шаҳри Душанбе (Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи милии илмҳои Тоҷикистон) ширкат варзиданд. Меҳмононро дар ноҳияҳои Рушон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар он ҷо фондҳои (бонкҳои) ҷомеавии тухмии зироатҳои кишоварзӣ бо кӯмаку дастгири Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои номбурда ва Ташкилоти ҷамъиятии «Набзи Сайёра» тайи солҳои охир таъсис дода шудаанд, бо самимӣ ва хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Меҳмонон дар рафти сафар ба деҳаҳои Хиҷез, Дашт, Сипоҷ (ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон), Туғгоз, Даршай, Дашт (ҷамотаҳои деҳоти Путуп, Шитхарв ва ба номи Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим) ташриф оварда, ба кишоварзон, мутахассисон ва олимони Институти биологии Помир ба номи академик Х.Юсуфбекови Академия миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯриҳои самимиро баргузор намуданд. Меҳмонони ташрифоварда бо худ тухмиҳои чанде аз зироатҳои маҳалии кишоварзиро аз қисми ҷанубии Тоҷикистон баҳри иваз бо тухмиҳои маҳалии манотиқи Бадахшон оварда, ивази тухмиҳо ва таҷрибаи андухтаашонро дар нигоҳдории тухмиҳои маҳалии зироатҳо ба ҳамдигар гуфта гузаштанд. Инчунин, меҳмонон мутахассисону олимони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баҳри ивази таҷриба ва дониш дар самти ташкил намудани фондҳои ҷомеавии тухмиҳои кишоварзӣ ба Вилояти Хатлон даъмат намуданд ва ин ба хушӣ пазирифта шуд.
Ҳамин тавр бояд қайд намуд, ки сафари илмию амалӣ дар раванди тақвият бахшидани таҷриба, донишу малака баҳри рушди тухмипарварии минбаъдаи зироатҳои маҳалии кишоварзӣ, мароми судманд пиндошта шуд, ки он дар раванди эҳё ва ҳифзи тухмиҳои арзишмандии бобогӣ ва дар таъмини амнияти озӯқавории кишварамон минбаъд нақши муҳимро хоҳад бозид.
М. Мамадалиева, номзади илмҳои биологӣ,
Қ. Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ
