ОҒОЗИ НАМОИШГОҲИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ ДАР МАРКАЗИ НАМОИШГОҲИИ ДУШАНБЕ

Рўзи 1 октябри соли равон бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушду инкишофи соҳаи сохтмону саноат ва дар доираи тарғибу ташвиқи солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази намоишии Экспо-Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuld» оғоз гардид, ки  то санаи 3 октябр идома хохад ёфт.  Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта шудаанд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи ширкати «TajBuld» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, зимни ифтитоҳи расмӣ муовини аввали раиси Палатаи савдову саноат Насим Анваров аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии истеҳсолкунандагон ва дастуру супоришҳо дар самти муаррифии молу маҳсулот ёдовар шуд.

Дар намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «Таҷбилд» зиёда аз 50 ширкати ватаниву хориҷӣ иштирок доранд ва намояндагони ширкатхои хориҷӣ аз суръати хуби сохтмон дар Тоҷикистон истиқбол намуда, инро имкони хуби ба роҳ мондани ҳамкориҳо эълон доштанд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld» асосан маҳсулоти  сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳоди меъморӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбобҳо, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул муаррифӣ мегарданд.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”