БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ОИД БА  РАҲНАМОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии шаҳри Душанбе  Конференсияи байналмиллалии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Роҳнамои стратегии рушди иқтисоди миллӣ — навовариҳо савдо ва рақамикунонӣ» бо ибтикори МД Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии  Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ баргузор гардид. Дар Конфронс аз 6 давлати ҷаҳон доираи олимону пажуҳишгарон ва намояндагони илм ширкат доштанд.

Конфронсро бо суханони ифтитоҳӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода оғоз намуда, дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди  иқтисоди  рақамӣ, шаффофияти иқтисодиёт зикр намуд.

Конфронс дар се бахш идома ёфт:

1. Ҷанбаҳои инноватсионии рушди иқтисодӣ ва савдо: вазъи имрӯза ва тамоюлҳо;

2. Фаъолияти иқтисод  дар ҷаҳони рақамӣ ва дурнамои тиҷорати электронӣ;

3. Самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ дар шароити рақамикунонӣ.

Баргузории чунин чорабиниҳо барои табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳои илмӣ -таҳқиқотӣ кӯмак хоҳанд кард.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”