Департаменти табдилдиҳии рақамӣ ва зеҳни сунъии СММ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Федератсияи Русия платформаи «Равзанаи ягона дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) Тоҷикистон»-ро роҳандозӣ мекунанд.
Ин ташаббус ба азнавсозии хидматрасониҳо барои сармоягузорон ва баланд бардоштани шаффофияти расмиёт дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ нигаронида шудааст. Платформа интерфейси ягонаи рақамиро барои дарёфти иҷозатномаҳо, риояи талаботҳо ва тамдиди ҳуҷҷатҳо, инчунин, табодули бехатари маълумотро байни ниҳодҳо таъмин менамояд.
«Таъсис додани Равзанаи ягона як қадами муҳим ба сўи табдилдиҳии рақамии фазои сармоягузории Тоҷикистон аст. Мо итминон дорем, ки лоиҳа суръатбахшандаи рушди устувор ва ҷалби сармоя хоҳад гардид», — қайд намуд мененҷери лоиҳа Алексей Саврасов.
Лоиҳа тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ амалӣ карда мешавад. Он ҳамгироии вазорату идораҳои асосии давлатӣ, автоматикунонии равандҳои кор, омӯзонидани кормандон ва ҳамоҳангии меъёриро фаро мегирад.
Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамчун як кисми ҳамкориҳои байналмилали мусоидат ба рақамикунонӣ ва рушди устувор маблағгузорӣ карда мешавад ва барои 48 моҳ пешбинӣ шудааст.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”