Боздиди сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои ИДМ аз «Кохи Наврӯз»

Шоми 18 сентябри соли 2025 дар доираи 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои ИДМ, ҳайати меҳмонон аз «Кохи Наврӯз» дидан намуданд.

Дар назди «Кохи Наврӯз» ҳайати меҳмононро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул намуда, сипас мутасадиён меҳмононро аз биноҳои он шиносоӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Кохи Наврӯз» — яке аз бузургтарин кохҳои ҷаҳонӣ ва яке аз ҷозибаҳои Тоҷикистон аст, ки дар соли 2014 дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, ки дастоварди беназири даврони Истиқлоли кишвар маҳсуб меёбад.

Дар рафти шиносоӣ аз ин дастоварди Истиқлол намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор дар самти ҳолатҳои фавқулодда аз Ҷумҳурии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз меҳмоннавозии тоҷикона ва аз сатҳи гузаронидани ҷаласа баҳои баланд доданд.