Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода айни замон 60 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталиф таҳсил мекунанд. Ин донишҷӯён дар риштаҳои фарҳанг, санъат ва дигар ихтисосҳои марбут ба ин соҳа таълим мегиранд, ки нишонаи ҷолибияти донишкада дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳамзамон, 14 донишҷӯи тоҷик тариқи барномаҳои буҷавии байналмилалӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ин иқдом дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди маориф ва ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи ҷавонони тоҷик мусоидат мекунад.