Тартиб додани 710 санад оид ба ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал, дар 6 моҳи аввали соли 2025

Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 аз ҷониби кормандони ҳифзи давлатии ҷангал доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҷангал ва шикор нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба миқдори 710 адад санад тартиб дода шуда, ба маблағи 647,2 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шудааст, ки аз ин маблағи 412,3 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст. Дар ин бора дирӯз муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин манбаъ илова намуд, ки аз ин миқдор қоидавайронкунии ошкоргардида 450 адади ба маблағи 290,6 ҳазори он ба буриш, 120 адад ба маблағи 76,4 ҳазори он ба чорвочаронии худсарона, 35 адади он ба маблағи 14,9 ҳазори он ба ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои хӯрданибобу шифобахш боқимонад ба дигар намуди қоидавайронкуниҳои ҷангал рост меояд.

Рустам Зоирзода
Радиои «Тоҷикистон»