31 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 гузориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил мебошад.
Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур бунёди 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки сохторҳои марбута барои амалисозии нақшаи амали Барнома тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол ба Ҳукумати кишвар оид ба рафти амалишавии он маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба низоми электронии идораи соҳа ва таълиму тарбия тезонда шуда, ҳарчи зудтар ин тарзи корбарӣ роҳандозӣ гардад.
Таъкид гардид, ки татбиқи барномаи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамаи соҳаҳо ҳарчи зудтар ва бо самар таъмин карда шавад.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва фаъолият барои омӯзгорон ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар баҳри онҳо мебошад.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бошад, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва ҳамгунасозии меъёрҳои пешбининамудаи онҳо аст.
Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва дар бораи Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029 баррасӣ шуда, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.