Имрӯз, 24 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон, муҳтарам Ухнаагийн Хурзасух, ба Ҷумхурии Тоҷикистон, бо иштирок ва суханронии муовини якуми Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.
Дар кори Форум, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатй, сохторҳои иқтисодӣ ва бахшҳои хусусии ҳар ду кишвар иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои оянда мебошад.
Зимни суханрониҳои худ, муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармояи мутақобила ва баровардани ин муносибатҳо ба сатҳи сифатан навро таъкид намуда, омодагии қавии худро ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз доштанд.
Дар ҷараёни кори Форум пешниҳодҳо ва ташаббусҳои мушаххас доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшхои энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ, саноат ва рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи (В2В). миёни соҳибкорони ду кишвар ва вохӯриҳои (B2G) соҳибкорон бо намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ баргузор гардид.
Шоистаи Аҳмад
радиои «Тоҷикистон»