Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони милали мутаҳҳид оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез баргузор гардид. Дар доираи лоиҳаи аввал таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо дар байни ҷавонзанону ҷавонмардони ба ифротгароӣ осебпазир амалӣ гардида, лоиҳаи дуюм ҷиҳати пешбурди ҷомеаҳои устувор барои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи марказӣ замина гузошт.
Дар оғози ҷаласа Зариф Ализода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ суханронӣ карда, иброз намуд, ки лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони милали мутаҳҳид оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар доираи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва тераризм барои солҳои 2021 — 2025» амалӣ гардида, ҳадафи асосии он пешгирии амалҳои номатлуб ва хатарзо дар миёни аҳолӣ ба хусус ҷавонон мебошад.
Дар идомаи ҷаласа Зарина Ҷураева роҳбари лоиҳаи Барномаи рушди Созмони милали мутаҳҳид баромад карда, қайд намуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи 10 шаҳру ноҳияҳои кишварро дар бар мегирифт, бо ҷавонзанону ҷавонмардони ба ифротгароӣ осебпазир семинару вохӯриҳо ва тренингҳо гузаронида шуда, дар бораи сабабу омилҳо ва оқибатҳои ру овардан ба ифротгароӣ маълумот дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони милали мутаҳҳид бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷопон ва Вазорати корҳои хориҷии Канада роҳандозӣ гардида, маҳсади асосии он баланд бардоштани сатҳи сафоднокии шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, даъват ба муттаҳидӣ, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва талош баҳри рушду пешрафти худу давлат мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»