Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар шаш моҳи аввали соли 2025 тавонистанд 1620 медал ба даст оранд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ноҳияи мазкур, раиси ноҳия Руслан Қодирзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ варзишгарон, ин медалҳоро аз мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд.
Аз ин шумораи медалҳое, ки варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба даст овардаанд 532 тилло, 417 нуқра ва 611 биринҷӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19 медал зиёд аст.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»