Интиқоли 68 хоҷагӣ ва як МТМУ ба хотири ҷой доштани равандҳои экзогении геологӣ

Дар соли 2025 Саидораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти геологияи Британияи Кабир ва Институт оид ба илми замин ва захираҳои минералии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст. Ба гуфтаи Оймуҳамммадзода Илҳомҷон сардори Саидораи геология дар доираи ин санадҳо пеш аз ҳама таёр намудани кадрҳо ҷиҳати омӯзиши усулҳои фосилавӣ ва истифода намудан аз барномаҳои муосири компютерӣ, ба роҳ монда мешавад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки :

Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби Саидораи геология дар 347 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва Суғд тадқиқотҳои муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шудааст. Ба таъкиди Оймуҳамммадзода Илҳомҷон сардори Саидораи геологияи Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳо ҷой доштани равандҳои экзогении геологӣ дар 68 хоҷагӣ ва як МТМУ мушоҳида гардида, онҳо сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. 

Ҳамчунин нишасти матбуотии Саидораи геологияи Тоҷикистон гуфта шуд, ки тибқи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ» дар ҳудуди кишвар 3 адад пармачоҳ бо чуқурии 220 метр парма карда шуд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»