Давоми шаш моҳи соли равон дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 786 корхона ва 16 ҳазору 684 объектҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин давра дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкило ва объектҳои бақайдгирифташуда 71 иҷозатномаи намудҳои гуногуни фаъолият дода шудааст.
Дар шаш моҳи соли 2025 ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 94 бандҳои вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Ба гуфтаи Раҳим Санъат сардори Хадамоти мазкур дар ин давра 103 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор, ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташудаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 542,9 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Дар нисолаи аввали соли равон корхонаву объектҳои зери назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 24 ҳадисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ рух додааст, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат расида 20 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба таъкиди Раҳим Санъат сардори Хадамоти мазкур, сабабҳои рух додани ҳодасиҳои нохуш, ин бемасъулятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объектҳои хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноъатӣ дар рафти кор бо объектҳои истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияҳои коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Ҳамчунин дар нишаст Раҳим Санъат сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ таъкид намуд, ки сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе бо суръат меафзояд ва маълум ки суръат зиёд шуд, риояи қонуни бехатарӣ суст мешавад. Ба ин хотир ба мараторинг нигоҳ накарда, мо сохтмони биноҳои баландошёна, истифодаи лифтҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатиро зери назорат гирифтаем, — гуфт Раҳим Санъат сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ.
Сарвинози Сайлдалӣ
радиои «Тоҷикистон»