Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭСКПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази “ЭСКПО”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон  баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон шинос шуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров бо соҳибкорону намояндагони доираҳои тиҷорат ва истеҳсолкунандагони ду кишвар суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро барои ба роҳ мондани робитаҳои зичи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ ҳидоят намуданд.