Дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмиллалии нассоҷӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳозиринро аз вазъи имрӯзаи соҳаи нассоҷӣ огоҳ намуда, таъкид намуд, ки дар кишвари мо ашёи хоми соҳа ҳамагӣ 30 фоиз коркад карда мешавад. Ҳол он ки дар давлатҳои ҳамсоя ин то ба 100 фоиз расидааст ва барои коркарди ашёи хом мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Махсусан пешниҳоди имтиёзҳои давлатӣ ба истеҳсолкунандагон ба ин раванд таккон бахшида истодааст, — таъкид дошт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тавре номбурда зикр намуд маҳсулоти соҳаи нассоҷии Товикистон ба 15 кишвари дунё содирот карда мешавад ва бояд ҷуғрофияи содирот васеъ гардонида шавад.
Дар форуми нассоҷӣ вазири саноат ва технологияи нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир низ оид ба пешравӣ ва дурнамои соҳаи нассоҷӣ маълумот дода, таъкид дошт, ки дар кишвар солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон карда шудааст. Барномаҳои соҳавӣ низ қабул карда шудаанд ва амалишавии ин нақшаҳо имкон медиҳад, то соҳа тибқи кластер рушд намояд. Хушбахтона дар Тоҷикистон корхонаҳое ҳастанд, ки бо технологияи инноватсионӣ коркарди ашёи хомро ба роҳ мондаанд. Вазири саноат баргузории Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷиро лар доираи Форуми байналмиллалии нассосҷӣ фоли нек номида, имкони нави ҳамкорӣ ва навсозии истеҳсолот номид. Тибқи барнома бояд 600 ҷойи корӣ дар соҳаи нассоҷӣ таъсис дода шаванд ва иштирокдоронро ба сармоягузории соҳа даъват намуд.
Форуми байналмиллалии нассоҷӣ то санаи 10 июли соли равон ба кори худ идома хоҳад дод.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”