НАХУСТИН ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАССОҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Нахсутин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ рӯзи 8 июл ба кори худ оғоз намуд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Форум ба сифати як минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии дурнамои рушди соҳаи нассоҷӣ, таҳкими занҷираҳои истеҳсолот, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои нав ва рушди шаклҳои устувори ҳамкорӣ хизмат хоҳад кард.

Чорабинӣ дар доираи татбиқи ташаббусҳои афзалиятноки давлатӣ, ки ба навсозӣ ва рушди соҳаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, таҳкими иқтидори содиротӣ ва тарғиби принсипҳои рушди устувор доир гардида истодааст.

Дар форум ҳайатҳои зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва шумораи умумии иштирокчиён беш 500 нафарро ташкил медиҳад.

Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, баҳсҳои мавзӯӣ, намоиши таҷҳизоти нассоҷӣ, баргузории намоиши маҳсулоти саноати сабук ва мулоқотҳои кориро дар шаклҳои B2B ва G2B дар бар гирифтааст.

ШОИСТАИ АҲМАД,
РАДИОИ ТОҶИКИСТОН