Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд

7 июли соли 2025 дар шаҳри Токио мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Матсумото Ҳисаши баргузор гардидааст.

Ба иттилои сомонаи ВКХ зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии об, маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар омодасозии чорабиниҳои муҳим дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.

Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои ҳасана ва судманди ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус СММ ва сохторҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.